Ссылки доступа

9 моҳи зиндони як узви "Ҷамоати таблиғ" дар Қазоқистон


Мурод Такаумов, як сокини шаҳри Остона барои пайравӣ аз созмони динии дар Қазоқистон мамнуи "Ҷамоати таблиғ" 9 моҳ зиндонӣ шуд.

Бирҷон Торегелдиев, додраси парванда Такаумовро айбдор эълон карда, гуфтааст, дар ин бора "далелҳои шайъӣ" вуҷуд дорад.

Ба гуфтаи додрас, тамоми сабти садо ва наворҳои видеоие, ки то ҳол дар бойгонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон нигаҳдорӣ мешуданд, нобуд карда хоҳанд шуд. Инчунин Такаумов маҷбур хоҳад буд, ки 31 ҳазор танга харҷи додгоҳро пардозад.

Ин дар ҳолест, ки Мурод Такаумов ҳангоми берун рафтан аз толори додгоҳ гуфтааст, бо ҳукми эълонкардаи додрас розӣ нест ва онро ғайриқонунӣ медонад.

Модари Мурод Такаумов ҳам, ки дар тамоми мурофиаҳо иштирок дошт, аз ҳукми додгоҳ норозӣ буда, онро ғайриодилона медонад. "Писари ман ба ҷинояте айбдор мешавад, ки дар қонун вуҷуд надорад. Ягон далели гуноҳи ӯ пешниҳод нашудааст", - мегӯяд модари Такаумов.

Фаъолияти созмони динии "Таблиғи ҷамоат" бо қарори додгоҳи шаҳри Остона аз моҳи феврали соли 2013 дар қаламрави Қазоқистон манъ шудааст.

XS
SM
MD
LG