Ссылки доступа

Дар Русия зидди Квачкови зиндонӣ боз парванда кушоданд


Мақомоти тафтишотии Русия зидди Владимир Квачков, полковники бознишастаи Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои ин кишвар, ки қаблан барои "омодагӣ ба ошӯби мусаллаҳона ва терроризм" зиндонӣ шуда буд, айби нав эълон кардааст.

Тавре Оксана Михалкина, вакили мудофеи Квачков хабар медиҳад, ин бор зерҳимояаш дар "даъвати оммавӣ ба фаъолиятҳои террористӣ" гунаҳкор мешавад. Бо ин айб моҳи марти соли равон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Соли 2013 Квачков ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум шуда буд. Вале баъдан Додгоҳи олии Русия муҳлати ҷазояшро то 8 сол кам кард. Додгоҳи шаҳри Москва соли гузашта созмони "Нерӯи мардумии Минина ва Пожарский"-ро, ки аз сӯи Квачков раҳбарӣ мешуд, экстремистӣ эълон кард.

Владимир Квачков дар доираи парвандаи сӯиқасд ба ҷони Анатолий Чубайс ҳам гумонбар дониста мешуд, вале ду бор аз сӯи ҳайати мунсифаи додгоҳ бегуноҳ шумурда шуд.

XS
SM
MD
LG