Ссылки доступа

Столтенберг: Ҳадафи НАТО рӯёрӯӣ бо Русия нест


Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, ин иттиҳоди низомӣ бо густариши мавқеаш дар Аврупои Шарқӣ, талош надорад, ки бо Русия бархурд кунад.

"Мо мудофиаи дастаҷамъиямонро барои он густариш намедиҳем, ки низоъе ба вуҷуд ояд, балке аз низоъҳо пешгирӣ кунем", - гуфт Столтенберг дар нишасти хабарие дар Олмон.

Столтенберг афзуд, НАТО ба сӯи "ҷанги нави сард" ҳаракат надорад, балки ба сӯи "муносибатҳои созанда бо Русия" талош мекунад. Муносиботи Русия ва НАТО дар сатҳе қарор дорад, ки замони ҷанги сард буд. Дар бисёр ҳолат рафторҳои Русия дар Украина боиси сар задани муносибатҳои сарди НАТО ва Русия шудааст.

30 май дар Варшава Столтенберг гуфт, саммити ояндаи НАТО дар пойтахти Лаҳистон густариши ҳузури онро дар ин кишвар ва давлатҳои дигари шарқи Аврупо баррасӣ мекунад. "Дар Лаҳистон баъди саммити Варшава нерӯҳои зиёди НАТО ҷойгир мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳамла ба Лаҳистон ҳамчун ҳамла ба тамоми қаламравӣ НАТО баҳо дода хоҳад шуд", - гуфт вай.

XS
SM
MD
LG