Ссылки доступа

Иттиҳоди Аврупо ҳукми додгоҳ нисбати роҳбарони ҲНИТ-ро танқид кард


Майя Косянчич, котиби матбуотии Иттиҳоди Аврупо бо нашри баёнияе ҳукми Додгоҳии Олии Тоҷикистонро нисбати аъзои аршади ҲНИТ интиқод кард. Дар баёния омадааст, ки ҷараёни муҳокимаи додгоҳ шаффоф набуд ва ҳуқуқи шаҳрвадон ба дастрасии мурофиаи додгоҳии одилонаро поймол мекард.

"Ин хилофи масъулиятҳои Тоҷикистон дар назди қонунгузории байналхалқӣ аст. Барои исботи айби ин афрод бояд далелҳои муътамад пешниҳод мешуд. Ин тасмими Додгоҳи олии Тоҷикистон ваҳдату ягонагии ҷомеаи тоҷикро ба хатар рӯбарӯ мекунад", - омадааст дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо.

"Ҳатто дар сурати анҷоми амалиёти амниятӣ низ озодиҳои бунёдии шаҳрвандӣ бояд замонат дода шаванд. Волоияти қонун бояд риоя гардад", - афзудааст Иттиҳоди Аврупо.

2 июн бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон 14 узви шӯрои сиёсии ҲНИТ дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста шуданд. Ду муовини раиси ҳизб - Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалӣ Ҳайит ба ҳабси абад маҳкум гардиданд. Боқимондаҳо аз 2 то 28 сол ҳукм гирифтанд. Ягона зани боздоштшудаи ҳизб, мушовири ҳуқуқӣ Зарафо Хоҷаева 2 сол зиндонӣ шуд.

XS
SM
MD
LG