Ссылки доступа

Ҳамоиши "Шанхай" чораҳои амниятии Тошкандро шиддат дод


Бо наздикшавии саммити СҲШ (Созмони ҳамкориҳои Шанхай), ки рӯзҳои 23 - 24 июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, тадобири амниятӣ дар шаҳри Тошканд беш аз ҳад пурзӯр шудааст.

Кормандони пулис баъди соати 9-и бегоҳ ҳар шаҳрвандеро, ки шиноснома ё қайди будубош дар пойтахти Ӯзбекистонро надорад, боздошт ва ба андозаи 60 доллари ИМА ҷарима мекунанд.

Яке аз донишҷӯёни Тошканд дар суҳбат бо бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан як моҳ аст, сокинони пойтахти Ӯзбекистон бе шиноснома наметавонанд, дар ҳудуди шаҳр бигарданд.

Баъзе аз шаҳрвандони Ӯзбекистон ва сокинони муваққатии Тошканд мегӯянд, агар бо худ шиноснома ё қайди будубош дар пойтахтро надошта бошанд, барои 15 шабонарӯз ҳабс ё аз шаҳр берун карда мешаванд.

Орал аз Сурхандарё, ки дар яке аз мағозаҳои ноҳияи Юнусободи Тошканд кор мекунад, мегӯяд, моҳи ахир сокинони пойтахти Ӯзбекистон ҳатто барои корҳои ночиз ҳам ба кӯча бо шиноснома мебароянд.

Дар Ӯзбекистон тақрибан як сол мешавад, корҳои омодагӣ ба саммити СҲШ идома дорад. Дар донишгоҳҳои Тошканд, Бухоро, Самарқанд ва Урганҷ 20 рӯз пеш, аз 10 июн таътил эълон ва аз 28-29 май ҳатто ба ҳаракати нақлиёт дар кӯчаҳои марказии Тошканд маҳдудият ҷорӣ шудааст.


XS
SM
MD
LG