Ссылки доступа

Мактабхонҳои Хоҷағалтон дубора беҳуш шуданд


Наздики 20 хонандаи мактаби №3 деҳаи Хоҷағалтон ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дубора аз доруи зидди пашша (Нурел Д) заҳролуд гардиданд. Бинобар иттилои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта ҳам беш аз 50 хонандаи ин мактаб аз доруи "Нурел Д" заҳролуд шуда буданд

Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, баъди дувум бор заҳролуд шудани хонандаҳо аз 1 июн дар мактаб 3 рӯз таътил эълон шуда, мактабиёни осебдида бистарӣ гардиданд.

Бар асоси иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар бунгоҳи тиббии Хоҷағалтон ситоди кӯмак ба хонандаҳои осебдида ва барои таҳқиқи ин ҳодиса комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Мегӯянд, вазъи саломатии яке аз ин хонандаҳо вазнин буда, ба беморхонаи шаҳри Кулоб интиқол ёфтааст.

Дар ҳамин ҳол, Муртазо Сараев, сокини Хоҷағалтон мегӯяд, "36 хонандае, ки ҳафтаи гузашта аз ҳуш рафта буданду дубора беҳуш шуданд барои ташхис ба бунгоҳи тиббӣ оварданд ва бархеи дигар дар беморхона бистарӣ гаштанд".

Ба гуфтаи сокинони Хоҷағалтон, ҳарчанд аз осебдидаҳо барои ташхис хун гирифта шудааст, аммо то ҳол сабаби аслии ин заҳролудшавиро муайян накардаанд.

Сараев гуфт, духтурон заҳролудшавии хонандаҳоро ба доруе рабт медиҳанд, ки ба гирду атроф ва дохили мактаб зидди пашша пошида шудааст. Аммо мегӯяд, ин гуна пашша дар деҳа ва ноҳияи онҳо, ки бодуҳавои сард дорад, нест. "Аз ин рӯ, метавон хулоса кардан, ки хонандаҳо аз доруи дигари химикӣ заҳролуд шудаанд", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG