Ссылки доступа

Нафткашон дар Қазоқистон коршиканиро оғоз карданд


Даҳҳо корманди ширкати Тechno Trading LTD дар вилояти Мангистауи Қазоқистон бо талаби баланд шудани маош, барқарории мукофотпулӣ ва қатъи таъқиби ҳамкорон даст ба корпартоӣ заданд.

Тавре Ерлан Кенҷабек, корманди барқи Techno Trading LTD гуфт, коргарон аз 1 июл ба ин сӯ ба кор набаромаанд. Ҳоло дар 4 сехи ширкат дар деҳаҳои Ҷетибой ва Қизилтоб, ки ҳар яке 50 коргар дорад, кор қатъ шудааст

Кормандон талаб кардаанд, маош баланд, мукофотпулӣ барқарор ва ба таъқиби ҳамкоронашон хотима дода шавад. Онҳо мегӯянд, корфармоён ба шароити хатарноки кор дар истеҳсолот, радиатсия дар сехҳо, ва таъмирталаб будани коргоҳ аҳамият намедиҳанд.

Кормандони ширкати Тechno Trading LTD соли гузашта ҳам аз муносибати корфармоён норозӣ буданд. Баъди ин эътироз 6 корманди ширкат аз кор ронда шуд. Даъвои онҳо ҳам барои барқарории ҷойи кор аз сӯи додгоҳ ҷонибдорӣ наёфт.

Дар Techno Trading LTD набудани раҳбарият дар ҷойи корро баҳона пеш оварда, ин ҳодисаро шарҳ надоданд.

XS
SM
MD
LG