Ссылки доступа

Ходорковский: тағйири низом - масъалаи дарозмуддат аст


Михаил Ходорковский, молики пешини ширкати нафтии ЮКОС-и Русия, ки ҳоло дар хориҷ из ин кишвар ба сар мебарад, ният дорад, ба Русия баргардад. Аммо вай эътироф кардааст, ки тағйир додани низом - масъалаи дарозмуддат аст.

Дар мусоҳиба бо телевизиони Euronews Ходорковский гуфтааст, масълаи асосӣ барои вай - таъсис додани тими сиёсие аст, ки то тавонад баъди тағйири низом ислоҳоти лозимиро роҳандозӣ кунад.

Ходорковский даъват кардааст, ки "нақши Владимир Путин барҷаста нишон дода нашавад". Вай ҳамзамон низоми кунунии Русияро автократӣ, ҳаммонанди низоме, ки пештар дар даврони "котибони аввал"-и ҳизби коммунистӣ буд, номидааст.

Ходорковский афзудааст, "ташкили тими ислоҳот", ки тавонад баъди барканории низоми кунунӣ кишварро ба даст гирад ва дар ду соли ояндааш нахустин интихобтҳои воқеиро барпо кунад, ҳадафи асосии вай аст.

Ин сарватманди пешин таҳримҳои Ғарбро нисбати атрофиёни Путин "бесамар" хондааст. Аммо таҳримҳо имконоти Путинро маҳдуд кардаанд ва вай дигар иҷозат надорад то, ба қавли Ходорковский, "нукаронашро музд диҳад".

XS
SM
MD
LG