Ссылки доступа

Ҳамлаҳои нави ҳавоии Димишқу Москва ба шаҳри Ҳалаб


Алеппо в дни конфликта, 30 мая 2016

Алеппо в дни конфликта, 30 мая 2016

Сокинони шаҳри Ҳалаб ва ҳомиёни ҳуқуқ, ки амалиёти низомии Сурияро мониторинг мекунанд, мегӯянд, нерӯҳои ҳукумати ин кишвар ва Русия минтақаҳои зери идораи мухолифони мусаллаҳро бомбаборон кардаанд.

Ба ҳисоби сокинони Ҳалаб, ин шаҳр ва минтақаҳои атрофаш танҳо дар як шабонарӯз ҳадафи 50 зарбаи ҳавоӣ қарор гирифтааст. Тавре Маркази ҳуқуқи инсони Сурия дар Бритониё, ки шабакаи иттилоърасони худ дар минтақаҳои даргирро дорад, хабар медиҳад, дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоии рӯзи якшанбе на камтар аз 16 сокини осоишта кушта шудааст.

Хабаргузории Reuters мегӯяд, ки теъдоди қурбониёни ҳамлаҳои ҳавоӣ ба ноҳияҳои зери идораи мухолифони мусаллаҳ аз 32 нафар кам нестанд. Танҳо ҷасади 18 тани онҳоро имкон шудааст, аз зери шикастпораҳо берун биёранд.

Расонаҳои расмии Сурия мегӯянд, на камтар аз 20 "шӯришгар"дар як чанд ноҳияи Ҳалаб кушта шудаанд.

Ҳалаб дар 50-километрии марзи Туркия ҷойгир буда, ба ду қисм ҷудо шудааст. Як бахшаш аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ ва бахши дигар аз ҷониби мухолифони мусаллаҳ, ки дар пайи сарнагуни низоми президент Башор Асаданд, идора мешавад.

XS
SM
MD
LG