Ссылки доступа

Дар вилояти Донетск ҳайкали Ленинро тахриб карданд


Дар шаҳри Макеевкаи вилояти Донетск, ки аз сӯи ҷудоихоҳони русиягаро идора мешавад, афроди номаълум ҳайкали Ленинро тахриб карданд.

Тавре расонаҳои украинӣ хабар медиҳанд, ҳайкал пора-пора шуда, танҳо як қисмати пойҳояш рӯи пойдевор боқӣ мондааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, зимистони гузашта афроди ношинохта ин ҳайкалро ранги зарду кабуд пошида буданд.

Ҳайкали барқади семетрии Ленин рӯи пойдевори думетрӣ гузошта шуда буд

Шуруъ аз соли 2015 дар Украина қонуни ғайрикоммунистӣ кардан қабул шуд, ки ин қонун ба вижа тахриби ҳайкалҳои Ленинро дар назар дорад. Аммо дар ҳудудҳои берун аз назорати Киев ҳайкалҳои Ленин ҳанӯз пойбарҷо ҳастанд ва тахриб ё бозсозии онҳо дар назар нест.

XS
SM
MD
LG