Ссылки доступа

Муфтиёти Қирғизистон ҳаҷми садақаи фитрро муайян кард


Идораи муфтиёти Қирғизистон ҳаҷми садақаи фитр - хайреро, ки одатан дар моҳи шарифи Рамазон ба ниёзмандон дода мешавад, муайян кард.

Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, садақаи фитр сари ҳар як одам 1,6 кило гандум, орд, мавиз ва ё 3,2 кило ҷав ё хурмо муқаррар шудааст.

Дар Қирғизистон ҳоло нархи миёнаи як кило гандум 32 сом (муодили 3 сомониву 20 дирам), орд ва ҷав 48 сом (муодили 4 сомониву 80 дирам), мавиз 320 сом (32 сомонӣ) ва хурмо 384 сом (38,4 сомонӣ) аст.

Ёдрас мешавем, моҳи Рамазон имсол 6 июн фаро расида, 6 июл Иди фитр ҷашн гирифта хоҳад шуд. Дар ин моҳ барои шахси рӯзадор хурдан, нӯшидан, тамоку кашидан ва муносибатҳои маҳрамона аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб манъ аст.

XS
SM
MD
LG