Ссылки доступа

Ҳамлаи мусаллаҳона ба қисми низомӣ дар Қазоқистон


Бинобар иттилои ВКД Қазоқистон, дар натиҷаи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи 5 июн ба қисми низомии Гвардияи миллӣ ва мағозаҳои аслиҳафурӯшӣ дар шаҳри Оқтеппаи ин кишвар чанд нафар кушта шуда, кофтукоби ҳамлагароне, ки ба ҷойҳои номаълум паноҳ бурдаанд, идома дорад.

Алмос Садубаев, намояндаи ин ниҳод дар суҳбат бо хабарнигорони Tengrinews.kz ва "Интерфакс-Қазоқистон" гуфтааст, дар натиҷаи ҳамла ба мағозаи "Паллада" фурӯшанда ва нигаҳбонаш кушта ва се корманди пулис, ки ба макони ҳодиса ҳозир гардиданд, захмӣ шудаанд.

"Дар пайи ҳамла ба мағозаи дигари аслиҳафурӯшӣ бо номи "Пантера" як муштарӣ ба ҳалокат расида, як тани дигар ҷароҳат бардоштааст. Ҳангоми задухурд бо кормандони пулис се ҳамлагар нобуд ва якеашон боздошт гардид", - афзудааст вай.

Ба гуфтаи Садубаев, ҷинотякорон ба қисми низомии Гвардияи миллӣ бо автобуси мусофирбар ҳамла карда, се низомиро куштаву шаш тани дигарро захмӣ намудаанд.

Видеои эҳтимолии ҳаводиси Оқтеппа аз шабакаҳои иҷтимоӣ:

Видеои дигар аз Ютуб:

Ҳоло дар Оқтеппа низоми амалиёти террористӣ эълон гардида, ба сокинон тавсия шудааст, то аз хонаҳояшон берун нараванд.

"Ҳамлаи террористии Оқтеппа дар арафаи моҳи Рамазон аз сӯи ҷинояткорони аз ҳад зиёд бераҳму золим анҷом шуда, барои нобуд кардани онҳо аз чораҳои сахт кор гирифта мешавад", - навиштааст Қосим - Жомарт Тоқаев, раиси порлумони Қазоқистон дар шарҳи ҳаводиси Оқтеппа дар Твиттер.

Хабаргузории Ройтерз аз қавли Садубаев гузориш додааст, ки ВКД Қазоқистон ин ҳамлаҳоро кори пайравони "ҷунбиши тундрави мазҳабии ғайрисуннатӣ" медонад.

Оқтеппа шаҳрест, ки бори аввал дар таърихи Қазоқистон 5 соли пеш шоҳиди ҳамлаи террористӣ шудааст. 17 майи соли 2011 Раҳимҷон Махатов, як сокини 25-солаи шаҳр худро дар назди қароргоҳи вилоятии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон тарконд ва дар натиҷа худаш кушта ва се тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG