Ссылки доступа

Таъсиси пойгоҳи нерӯҳои таъйиноти махсус дар Ромит


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 4 июн дар маросими ифтитоҳи қисми низомии таъйиноти махсуси Вазорати дифои кишвар иштирок ва ба ҳайати шахсияш Байрақӣ ҷангӣ супурд.

Ин қисми низомӣ дар дараи Ромит бар ивази 17 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Раҳмон зимни суханронӣ дар назди ҳайати шахсии қисми низомии мазкур гуфт, "барои ба талаботи рӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабоши ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои муассир андешида шавад".

Таъсиси қисми низомии таъйиноти махсуси вазорати дифои Тоҷикистон дар Ромит дар ҳоле сурат мегирад, ки ин мавзеъ тирамоҳи соли гузашта саҳнаи даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва афроди тарафдори муовини пешини вазири дифои кишвар Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба "Ҳоҷӣ Ҳалим" буд.

Абдуҳалим Назарзода ва тарафдорони мусаллаҳаш ба дараи Ромит, тақрибан 50-километрии шарқи Душанбе паноҳ бурданд ва амалиёти таъқиби онҳо то 16 сентябр, 12 рӯз давом кард ва бо кушта шудани генерал Назарзода ва муовинаш сарҳанг Ҷунайдулло Умаров ба поён расид.

Дар гузашта гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифин чандин бор ба дараи Ромит паноҳ бурдаанд.

Солҳои охир номи дараи Ромит бештар бо сохтмони осоишгоҳҳои навбанав ва дар соли 2014 бо хабари ба ширкати чиноии China Nonferrous Gold Limited супурдани 100 дарсади саҳмияҳои кони тилои Покрӯд, ки низ дар ҳамин дара ҷойгир шудааст, вирди забонҳост.

XS
SM
MD
LG