Ссылки доступа

Олланд: ба бозиҳои Евро-2016 хатар таҳдид мекунад


Франсуа Олланд, президенти Фаронса мегӯяд, ба баргузории мусобиқаи қаҳрамонии футболи Аврупо хатари ҳамлаҳои террористӣ таҳдид мекунад. Ин бозиҳо рӯзи ҷумъаи 10 июн оғоз мешаванд.

Аммо, ба гуфтаи вай, шаҳрвандон набояд аз чизе ҳарос дошта бошанд.

Олланд дар суҳбат бо Радиои Фаронса гуфтааст, ки барои таъмини амният ҳангоми баргузории бозиҳои футбол дар 10 шаҳр 90 ҳазор кормандони хадамоти амниятӣ сафарбар хоҳад шуд.

Баъди ҳамлаҳои моҳи ноябри Порис то ҳол дар Фаронса хатар дар сатҳи олӣ боқӣ мондааст.

Қаблан созмони террористии "Давлати исломӣ", ки фаъолияташ дар бештари кишварҳо манъ аст, аз ҳамаи пайравони худ дар саросари олам даъват кард, то дар моҳи Рамазон фаъол бошанд.

XS
SM
MD
LG