Ссылки доступа

«ВКонтакте»: саҳифаҳои корбаронро "нашикастаанд"


Мудирияти шабакаи иҷтимоии русии "ВКонтакте" мегӯяд, саҳифаҳои корбарони ин шабакаро рахна накардаанд. Тавре ба хабаргузории РБК сухангӯи "ВКонтакте" Евгений Красников ититлоъ додааст, гап дар бораи рамзҳо ва нишонҳои пешин меравад, ки қаллобони эҳтимолӣ дар солҳои 2011-2012 ҷамъ овардаанд.

Ҳамаи рамзҳои корбароне, ки исмашон зикр шудааст, иҷборан тағйири рамзу нишон карданд.

Пештар аз ин иттилоъ расида буд, ки рахнагари интернетӣ бо номи мустаори Реас маълумоти бештар аз 100 миллион корбари "ВКонтакте"-ро рабуда, дар бозори сиёҳ ба фурӯш гузоштааст. Иттилои рабудашуда рамз, нишонҳо, рақами телефон ва нишонии почтаи электронии корбаронро дар бар мегирад.

Тавре хабар дода мешавад, саҳифаҳои корбарон миёни солҳои 2011 то 2013 рахна шудааст. Рахнагар дар ивази ин иттилоъ тақрибан 580 доллар талаб кардааст, менависад сомонаи Motherboard. Сомонаи LeakedSource рамзҳои корбарони "ВКонтакте"-ро таҳлил кардааст.

Ишора мешавад, ки бештар аз 1,5 миллион корбари ин шабака хеле рамзҳои содаро ба монанди "123456" ва " qwerty " ва ё "11111" истифода мекардаанд. Хабар дода мешавад, ки усули ҳифзи рамзҳо дар "ВКонтакте" ба меъёрҳои рӯз ҷавобгӯ нест.

XS
SM
MD
LG