Ссылки доступа

Наргис Зокирова баъди 20 соли издивоҷ талоқ мехоҳад


Наргис Зокирова
Наргис Зокирова

Сарояндаи маъруфи 45-сола Наргис Зокирова ба нашрияи интернетии life.ru хабар додааст, ки мехоҳад аз сарояндаи итолиёӣ Филип Балзано ҷудо шавад.

Ба гуфтаи сароянда, вай аллакай ҳамаи ҳуҷҷатҳои лозимиро барои талоқ гирифтан ба Ню-Йорк, ҷое, ки онҳо никоҳ баста буданд, ирсол кардааст. Аммо ба иқрори сароянда, шавҳари вай намехоҳад, ки бе сару садо аз ҳам ҷудо шаванд.

"Мутаассифона, мо маҷбурем ба додгоҳ муроҷиат кунем ва мушкилиҳоямонро он ҷо ҳал намоем", - хабар додааст Зокирова.

Сабаби асосии ҷудоии ин ҷуфт, ба иқрори Наргис, ихтилофи тунди молӣ дар хонавода аст.

Ҳоло ҳуқуқшиносони маркази продюсерии Максим Фадеев, ки Наргис он ҷо фаъолият мекунад, барои пешбурди ҷараёни талоқ ба сароянда ёрӣ мерасонанд.

Наргис Зокирова дар хонаводаи навозандагони машҳур дар Тошканди Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Бобои вай - сарояндаи машҳури опера, сарояндаи мардумии РСС Ӯзбекистон Карим Зокиров аст. Модари Наргис - сароянда Луиза Зокирова аст. Ботур ва Фаррух Зокировҳои машҳур тағоҳои Наргис ҳастанд.

Худи Наргис Зокирова соли 1995 ба ИМА ҳиҷрат кард. Вай баъди пирӯзӣ дар озмуни "Садо" дар соли 2014 дар Шабакаи аввали Русия машҳуртар гардид.

XS
SM
MD
LG