Ссылки доступа

Ҳалокати журналист Дэвид Ҷилкӣ ва тарҷумонаш дар Афғонистон


Дэвид Джилки

Дэвид Джилки

Дар Афғонистон хабарнигори Радиои ҷамоатии Амрико (NRP) Дэвид Ҷилкӣ ва тарҷумони ӯ ба ҳалокат расиданд. Ба иттилои NRP, ҳамла рӯзи якшанбе дар наздикиҳои шаҳри Марҷаи вилояти Ҳилманд сурат гирифт.

Дэвид Ҷилкӣ ва тарҷумони ӯ Забеҳуллоҳ Таманно, ки ҳамроҳ бо низомиёни афғон буданд, зери борони тир монданд.Ҳамроҳ бо Ҷилкӣ ду корманди дигари радиои Амрико ҳам буданд, вале ба онҳо осебе нарасидааст.

Дэвид Ҷилкӣ, аккос ва муҳаррири видео, аз амалиёти низомӣ дар Афғонистон ва Ироқ гузориш медод. Муовини раиси NRP Майкл Орескес рӯзи 6 июн гуфт, Дэвид "чун инсон ва аккос шахси хуб буд бо атрофиён муносибати нек дошт."

Дэвид Ҷилкӣ 50 сол дошт. Ӯ барандаи ҷоизаҳои бонуфузи хабарнигории ба номи Ҷорҷ Полка ва “Эммӣ” буд.

Бар асоси иттилои Кумитаи ҳимоят аз рӯзноманигорон, аз соли 2001, оғози амалиёти ҳарбии ИМА дар Афғонистон то ҳол дар ин кишвар 26 рӯзноманигор кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG