Ссылки доступа

Русия боҷи гумрукии нафтро барои Қирғизистон барҳам дод


Қирғизистон ва Русия дар мавриди хариду фурӯши бе боҷи гумрукии нафт ва маҳсулоти нафтӣ шартнома имзо карданд. Зери ин ҳуҷҷат дар Бишкек вазири иқтисоди Қирғизистон Орзубек Кожошев ва муовини вазири энергетикаи Русия Анатолия Яновский имзо гузоштанд.

Дар шартнома омадааст, ки Русия ба Қирғизистон барои истифодаи дохилӣ нафт ва маҳсулоти нафтии бидуни боҷи гумрукӣ содир мекунад.

Қирғизистон ҳақ надорад, маҳсулоти нафтиеро, ки бе пардохти боҷи гумрукӣ аз Русия ворид мекунад, ба кишвари дигаре содир кунад. Дар сурати вайрон кардани ин талабот, Русия ҳақ дорад шартномаро бекор кунад.

Ёдрас мешавем, Русия 90% нафт ва маҳсулоти нафтии Қирғизистонро таъмин мекунад. Талаботи солонаи ин ҷумҳурӣ бештар аз 1 миллион тонна аст.

Шартнома муҳлати муайян надорад ва баъди он ки ҷонибҳо шароитро фароҳам меоранд, ба ҳукми иҷро медарояд.

XS
SM
MD
LG