Ссылки доступа

Ситораи варзиши Русия арӯси тоҷик меҷӯяд


Шоҳзод Ғуломзода, ситораи 23-солаи бадминтони Русия барои худ аз Тоҷикистон арӯс меҷӯяд ва ҳамзамон ба Бозиҳои сурдолимпӣ (Deaflympics)-и навбатӣ, ки моҳи июли соли 2017 дар Самсуни Туркия баргузор мешаванд, омодагӣ мебинад.

Шоҳзод Ғуломзода дар ин мусобиқаҳои бонуфӯзи миёни варзишкорони қобилияти шунавоияшон суст нақша дорад, мақоми қаҳрамониеро, ки соли 2013 дар Сурдолимпиадаи пешин дар София, пойтахти Булғористон соҳиб шуда буд, ҳифз кунад.

Евгений Исаков, узви Шӯрои Федератсияи бадминтони шаҳри Москва аз Шоҳзод Ғуломзода ба унвони яке аз умедҳои асосии тими Русия ном бурд ва изҳори боварӣ кард, ки вай аз Самсун низ бо нишони тило бармегардад.

Худодагӣ Ғуломов, падари Шоҳзод мегӯяд, ҳарчанд писараш дар Русия зиндагӣ ва зери парчами ин кишвар дар мусобиқаҳо иштирок мекунад, вале мехоҳад, танҳо бо духтари тоҷик издивоҷ кунад. Зеро ба Тоҷикистону мардуми тоҷик хеле муҳаббат дорад.

Худодагӣ Ғуломов гуфт, шароите, ки барои як варзишгари умедбахш дар Русия муҳайё мешавад, назар ба шароити фароҳкардаи Тоҷикистон мисли замину осмон фарқ мекунад. Ба гуфтаи вай, мақомоти Русия барои Шоҳзод беш аз 30 ҳазор рубл нафақаи маъюбӣ ва ҳудуди 80 000 рубли дигар стипендияи варзишӣ ҷудо кардаанд, ки битавонад бе мамониат ба мусобиқаҳо омодагӣ бинад.

XS
SM
MD
LG