Ссылки доступа

"Омодагии ҷангӣ"-и Қирғизистон пас аз рӯйдодҳои Оқтеппа


Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон аз "омодагии ҷангӣ" дар пайи ҳамлаҳои мусаллаҳонаи вилояти Оқтеппаи Қазоқистон хабар медиҳад.

"Тамоми ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии кишвар аз 6 июн ба ҳолати омодагии сатҳи баланди ҷангӣ гузаштаанд ва ин тартиб то амри навбатӣ идома хоҳад кард", - гуфтааст сухангӯи ВКД Қирғизистон.

Вай авзуд, ки дар қаламрави вилояти Оқтеппаи Қазоқистон ҳоло гуруҳи террористию экстремистӣ фаъол шудааст. Ба гуфтаи сухангӯи ВКД Қирғизистон, ин иқдомҳо барои таъмини амният ҳангоми баргузории ҷаласаи раисони ҳукуматҳои ИДМ, ки 6-7 июн дар Бишкек идома дорад, зарур аст.

5 июн афроди номаълум ба ду мағозаи фурӯши силоҳи Оқтеппа ва қисми низомии Гвардияи миллӣ ҳамлаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷаи ин ҳамлаҳо 17 кас, аз ҷумла ду сокини осоишта кушта шуд. Бино бар иттилои вазорати тандурустии Қазоқистон теъдоди захмиён ба даҳҳо нафар мерасад.

ВКД Қазоқистон гуфт, ин ҳамла аз сӯи пайравони гуруҳи ифротгарои динӣ анҷом шудааст. Ба иттилои ин ниҳод, 9 гумонбар боздошт ва кофтукоби 6-7 тани дигар идома дорад.

XS
SM
MD
LG