Ссылки доступа

Русия пайванд бо зарбаҳои ҳавоии 6 июн дар Сурияро рад мекунад


Вазорати дифои Русия мегӯяд, зарбаҳои ҳавоиеро дар шарқи Сурия, ки боиси ҳалокати 17 сокини осоишта дар як бозор шуд, ҳавопаймоҳои низомии ин кишвар анҷом надодаанд.

Ҳамлаҳои ҳавоӣ 6 июн, рӯзи нахустини моҳи Рамазон сурат гирифта, дар натиҷа ба камияш ҳафт кӯдак ҷон бохт.

Тавре созмони Syrian Observatory for Human Rights хабар медиҳад, дар анҷоми ин ҳамлаҳо ҳавопаймоҳои низомии Русия ё ҳукумати Сурия гумонбаранд.

Вазорати дифои Русия исрор меварзад, ки рӯзи 6 июн ҳавопаймоҳои ин кишвар ҳамлаҳои низомӣ анҷом надодаанд. Дар ҳоле, ки Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ба низомиёни Сурия дар ҳамла ба шаҳри Ҳалаб "пуштибонии хуби ҳавоӣ"-ро ваъда дода буд.

Тамоми рӯзҳои истироҳат дар ин шаҳр даргириҳои шадид идома дошт.

XS
SM
MD
LG