Ссылки доступа

Даъвати СММ барои озодии наҳзатиҳои маҳкумшуда


Дейвид Кайе, гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури озодии баёну эътиқод гуфтааст, саркӯби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) иштироки шаҳрвандонро дар зиндагии сиёсии ин кишвар мушкил мекунад.

Гузоришгари СММ мегӯяд, мақомот барои собит кардани дурустии амалҳояшон хатари ифротгароӣ ва терроризмро мисол меоранд, аммо ба гуфтаи Дейвид Кайе, ​"иқдомоти сахту худсарона зидди мухолифон ва пешвоёни мазҳабӣ на танҳо қобили қабул нест, балки хатарнок аст, зеро он боиси ифротгароии ҷомеаи хоҳад шуд".

Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2 июн ду раҳбари ҲНИТ-ро ба ҳабси абад маҳкум карда, 12 узви дигари Раёсати олии ин ҳизбро барои аз 2 то 28 сол зиндонӣ сохт. Онҳо дар ҳамдастӣ бо гуруҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон айбдор эълон шуданд.

Гузоришгари СММ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ҳамаи онҳоеро, ки бо ангезаҳои сиёсӣ боздошт ва зиндонӣ шудаанд, озод кунад. Ин муроҷиатномаи Дейвид Кайеро Майна Киа, гузоришгари вижаи СММ барои ҳаққи озодии ҷамъомаду гирдиҳамоӣ ва Ҳейнер Биелефелдт, гузоришгари вижаи СММ барои озодии дину эътиқод пуштибонӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG