Ссылки доступа

Клинтон барои номзад шудан раъйи кофӣ ҷамъ овард


Ҳилларӣ Клинтон, котиби давлатии пешини ИМА, ки барои пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократии ин кишвар талош мекунад, аллакай раъйи кофии ҳайатҳои анҷумани ҳизбро ҷамъ овардааст.

Бино бар иттилои хабаргузории Associated Press, хонум Клинтон 2383 раъй дорад.

Рақиби Клинтон сенатор аз иёлати Вермонт Берни Сандерс пойфишорӣ дорад, ки ғолибро муайян карданд ҳанӯз барвақт аст. Сандерс мегӯяд, ният дорад барои номзад шудан то интиҳо мубориза барад. Тасмими ниҳоиро дар мавриди номзади ягонаи демократҳо анҷумани июлии ин ҳизб хоҳад гирифт.

Номзади эҳтимолии ҷумҳурихоҳон ҳамоно миллиардер Доналд Трамп аст.


XS
SM
MD
LG