"Ҷанги мо бо террористон то пирӯзии комил идома мекунад", - мегӯяд Асад. Ба гуфтаи вай, вазъияти кунунӣ барои нерӯҳои ҳукуматӣ нисбати ду моҳи пеш "хеле мусоидтар аст". Президент мегӯяд, интихоби ягона барои ҳукумати вай ин пирӯзӣ аст. Дар сурати ғайр, ба гуфтаи Асад, Сурия боқӣ нахоҳад монд.
Русия амалиёти ҳавоиро дар Сурия моҳи сентябри соли гузашта шуруъ карда, ба нерӯҳои ҳукуматӣ дар ҷанги зидди шӯришгарон ёрӣ мерасонад. Моҳи марти соли ҷорӣ артиши Сурия бо кумаки нерӯҳои ҳавоии Русия шаҳри Полмироро ғасб кард ва ҷангҷӯёни гуруҳи тундгарои "Давлати исломӣ"-ро аз он ҷо ронд.