Ссылки доступа

Тоҷирони қирғиз ба бозори Аврупо роҳ меҷӯянд


Коршиносони Иттиҳоди Аврупо барои фаҳмонидани уҳдадориҳо ва авлавиятҳои мақоми НУА+ (Низоми умумии авлавиятҳо) ба тоҷирони қирғиз вориди Қирғизистон шудаанд. Дар ин бора намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, дар мулоқоти иттилоотии 9 июн тоҷирон метавонанд ба суолҳои худ оиди содироти мол ба бозори Иттиҳоди Аврупо, бевосита аз намояндагони Комиссияи Аврупоӣ посух бигиранд. Николас Заимис, муовини роҳбари шуъбаи садорати кулли Комиссияи Аврупоӣ дар умури тиҷорат, Даниэл Крамар, мушовир дар умури сиёсӣ, Гус Хоуттуин, мушовири Хадамоти Аврупоӣ дар умури иртиботот ба суолҳои тоҷирон посух хоҳанд гуфт.

Ёдрас мешавем, ки моҳи январ Иттиҳоди Аврупо ба Қирғизистон мақоми "НУА+"-ро дод. Ин низом имкон медиҳад, ки то 6 ҳазор навъи молро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ба бозори Аврупо ворид кард.

Барои мисол, маҳсулоти хоҷагии деҳот - мева, аз ҷумла дар шакли шарбат ва консерва, хушкмева ва чормағз, лубиё, тамоку, маҳсулоти бофандагӣ, либос, қолин ва ғайра вориди ин номгӯ мешаванд.

XS
SM
MD
LG