Ссылки доступа

Урдуғон дахлнопазирии вакилонро бекор кард


Раҷаб Тайиб Урдуғон, президенти Туркия қонуни манъи дахлнопазирии вакилонро имзо кард. Ин қонун иҷоза медиҳад, намояндаҳои мардумии курд ва вакилони дигари порлумони Туркия, ки зидди режим мебароянд, ба додгоҳ кашида шаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳизби ҳокими адолат ва рушди Туркия замоне пешниҳод шуд, ки Урдуғон намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии кишварашро дар ҳамкорӣ бо шӯришгарон айбдор карда, борҳо аз таъқиби ҷиноӣ бо гумони терроризм ҳушдор дода буд.

Қонуни имзонамудаи Урдуғон аз сӯи Иттиҳоди Аврупо ва Олмон интиқод шуда, қабули онро вакилони мухолифи турк ҳам, ки гуфтанд зиддаш раъй медиҳем, маҳкум карданд.

Ҳизби халқӣ-демократии Туркия аз ҳуқуқи курдҳо ва ақалиятҳои қавмии дигари Туркия ҳимоят карда, ҷиноҳи сиёсии Ҳизби мамнуи коргарони Курдистон буданашро рад мекунад.

Дар раъйгирии рӯзи 20 май аз 550 вакил 376 тоашон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG