Ссылки доступа

Видоъ бо президенти нахустини Тоҷикистон дар Душанбе


Дар Душанбе имрӯз маросими дафни Қаҳҳор Махкамов, президенти нахустини Тоҷикистон, ки шоми дирӯз дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт, баргузор мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии кишвар ба наздикону пайвандони ӯ ҳамдардӣ баён кард.

Қаҳҳор Махкамов, котиби аввали пешини Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ ва раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон охирҳои соли 1990 аз сӯи вакилони порлумон президенти кишвар интихоб шуд. Вай моҳи августи соли 1991 баъди талоши нокоми табаддулоти давлатӣ дар Иттиҳоди пешини шӯравӣ, ки бо номи ГКЧП маъруф аст, зери фишори тазоҳургарон истеъфо дод.

Маҳкамов соли 1932 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, корро ба ҳайси муҳандис дар кони ангишти Шӯроб оғоз карда, аз соли 1982 то 1986 раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон буд.

Вай баъди истеъфояш аз сиёсат канор рафта, бо рӯзноманигорон ҳам суҳбат намекард. Маҳкамов соли 1999 ҳамчун президенти нахустин мақоми вакилии умрбоди Маҷлиси миллии кишварро соҳиб шуд. Президенти нахустини Тоҷикистон як духтар ва писар дошта, ҳамсараш Гавҳар Маҳкамова чаҳор соли пеш аз олам даргузашта буд.

XS
SM
MD
LG