Ссылки доступа

Назарбоев: ҳамлаҳои Оқтеппа аз хориҷ тарҳрезӣ шуданд (видео)


Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон гуфт, амалҳои террористии 5 июн дар Оқтеппа аз сӯи пайравони "ҳаракати ифротгарои ба ном мазҳабӣ" ташкил ва нақшааш аз хориҷ тарҳрезӣ шуда буд.

Изҳороти видеоии Назарбоев баъди се рӯз аз ҳаводиси хунини Оқтеппа нашр гардид, ки дар он гуфта мешавад, зидди терроризм чораҳои шадид андешида хоҳад шуд.

Президенти Қазоқистон, ки бо забони давлатии кишвараш сухан меронад, мегӯяд, "ба ҳар шасхе, ки дар даст силоҳ мегираду нафареро мекушад, бояд ҳукми қатл дода шавад".

"Бархеҳо бо истифода аз сиёсати либералию қонунҳои мо хостанд, нерӯи давлатро бисанҷанд. Изҳор медорам, ки мо барои саркӯби террористон ва ифротгароён аз чораҳои шадид кор хоҳем гирифт ва давлат ҳам барои ин кор тамоми имконият ва нерӯро дорад. Ҳамаи мо хуб медонем, ки "инқилобҳои ранга" усули гуногуни худро доранду бо тазоҳуроти сохтаву куштор ва ғасби ҳукумат оғоз мешаванд ва ин нишонаҳо дар мо ҳам мушоҳида шуданд", - афзудааст Назарбоев дар изҳороти видеоияш, ки 8 июн аз сӯи баъзе телевизионҳои Қазоқистон нишон дода шуд.

Рӯзи 5 июн як гуруҳи мусаллаҳ дар вилояти Оқтеппа ду мағозаи фурӯши силоҳро ғорат карда, ба қисми Гвардияи миллии Қазоқистон ҳамла карданд. Бино бар иттилои ВКД ин кишвар, дар натиҷаи ҳамлаҳои мазкур 20 кас кушта шуданд, ки миёнашон 4 сокини осоишта ва се низомӣ ҳам ҳаст. Инчунин даҳо тани дигар бистарӣ гардидаанд. Мақомоти қазоқ ин ҳодисаро амали террористӣ хонданд.

Видеои изҳороти президент Назарбоев:

XS
SM
MD
LG