Ссылки доступа

Савченко: эҳтимол, дар Донбасс ҷанги сахт оғоз шавад


Надежда Савченко, вакили Рада ё порлумонии Украина мегӯяд, эҳтимол аст, дар Донбасс як ҷанги сахт оғоз шавад.

Бино бар гуфтаи вай, ҳоло дар минтақаҳои зери идораи ҷудоихоҳон се хатти даргирӣ ҳаст, ки дар дуи онҳо тавре ӯ тасдиқ мекунад, андозаи кофии нерӯҳои Русия қарор доранд.

"Дар онҷо кайҳо боз ин гуна теъдоди ба ном "сарбозҳои ихтиёрӣ" вуҷуд надорад. Ин таҷовузи Русия ба Украина ҳаст", - гуфтааст Савченко зимни як нишасти хабарӣ баъди боздидаш аз Донбасс.

Ба назари Савченко, барои раҳоии гаравгонҳои украинӣ се майдони кор мавҷуд аст. Яке дар сатҳи раҳбарони давлатҳо, дувум дар сатҳи ниҳодҳои қонунгузор ва севум миёни ҷанговарон "дар пайи задухурди шадид".

"Албатта, дар сатҳи раҳбарони давлатҳо чизе гуфта наметавонам. Вале ба ҳайси вакил омодаам дар бораи ду роҳи дигар ҳарф бизанам", - изҳор доштааст Савченко.

Надежда Савченко 6 июн ба Донбасс сафар карда, ҳамроҳ бо Дмитрий Ярош, намояндаи мардумӣ ва раиси пешини "Правий сектор" барои дидани низомиёни Украина ба Авдеевка ва Широкино рафт.

XS
SM
MD
LG