Ссылки доступа

Мария Шарапова бо додгоҳ ба майдон баргаштан мехоҳад


Мария Шарапова, теннисбози рус аз болои қарори Федератсияи байналхалқии теннис (ITF), ки ин варзишгарро барои вайрон кардани талаботи зидди допинг 2 сол аз ҳаққи бозӣ маҳрум сохт, ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Шарапова дар Фейсбук навишт, ки аз болои ин қарор ба Додгоҳи варзишии ҳакамӣ (CAS) шикоят мебарад.

Қарори ITF монеъ мешавад, ки Шарапова дар бозиҳои Олимпии Бразилия ширкат варзад. Ба ҷуз ин, Шарапова аз холҳо ва ҷоизаи пулие, ки дар Мусобиқаи бози Австралия-2016 ба даст оварда буд, маҳрум мегардад.

Мария Шарапова 7 март дар як нишасти хабарӣ дар ИМА гуфт, дар ташхиси допингии вай, ки моҳи январ анҷом шуд, нишонаҳои мелдония ошкор гардидааст. Ба гуфтаи варзишгар, вай ин навъи доруҳоро чанд сол пештар истеъмол мекард ва дар бораи он ки аз 1 январ истифодаи онҳо манъ шудааст, хабар надошт.

XS
SM
MD
LG