Ссылки доступа

Дар Русия "андоз аз Google" ҷорӣ мешавад


Ҳама гуна фурӯши барномаҳо, бозиҳо, оҳанг, китоб, навор ва дигар навъи муҳтавои электронӣ ба корбарони Русия андозбандӣ мешавад.

Думаи давлатии Русия қонун дар бораи ситонидани андоз аз даромади хизматрасониҳои электрониро, ки ширкатҳои хориҷии таъминкунандаи интернет дар ҳудуди Русия амалӣ мегардонанд, қабул кард.

Ҳама гуна фурӯши барномаҳо, бозиҳо, мусиқӣ, китоб, навор ва муҳтавои дигари электронӣ ба корбарони бахши русии интернет андозбандӣ мешаванд. Ин навъи андоз акнун "андоз аз Google" ном гирифтааст.

Бино бар баҳогузории вазорати молияи Русия, буҷаи ин кишвар метавонад аз ин иқдом то 10 миллиард рубл даромад гирад.

XS
SM
MD
LG