Ссылки доступа

Фаронсавиҳоро аз террор бо телефон хабардор хоҳанд кард


Франция будет оповещать о терактах по телефону
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:17 0:00

Фаронса замимаи мобилиеро роҳандозӣ кард, ки сокинонро дар ҳолати сар задани ҳамлаҳо огоҳ месозад. Замимаи мобилие, ки дар остонаи бозиҳои қаҳрамонии Аврупо оид ба футбол роҳандозӣ шуд, пасфардо дастари корбарон мегардад.

Дар сурати сар задани ҳамла, замима ё барномаи мобилӣ онҳоеро, ки дар наздикии ҳодиса ҳузур доранд, огоҳ месозад ва барои эмин мондани онҳо машварат медиҳад. Мақомоти вижаи амрикоӣ ва бритониёӣ пештар ҳушдор дода буданд, ки варзишгоҳҳо ва нақлиёти ҷамъиятӣ зимни бозиҳои Евро-2016 метавонанд ҳадафи ҳамла қарор бигиранд.

Ҳукумати Фаронса эълон кард, ки ин замима баъди ҳамлаҳои Порис дар моҳи ноябри соли гузашта, сохта шудааст. Дар натиҷаи ҳамлаҳои ноябрӣ 130 сокини Фаронса кушта шуд.

XS
SM
MD
LG