Ссылки доступа

Эълони мотами миллӣ дар сӯги қурбониёни Оқтеппаи Қазоқистон


Имрӯз дар сӯги қурбониёни ҳамлаи мусаллаҳонаи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон мотами миллӣ эълон шудааст.

Дар ин кишвар, тавре интизор меравад, имрӯз парчамҳо поин оварда шуда, пахши барномаҳои фароғатии радиову телевизион манъ гардида, аксари чорабиниҳои дилхушӣ бекор шудааст.

Дар Оқтеппа 5 июн ҳамлаи мусаллаҳона рух дод, ки дар натиҷа чаҳор сокини маҳаллӣ кушта шуд. Ҳамчунин се низомии Гвардияи миллӣ зимни ин ҳамла ҳалок гардид. Чанд сокини маҳаллӣ, низомӣ ва пулис дар ҳамлаи мазкур ҷароҳат бардоштаанд.

Бори охир 31 январи соли 2013 дар ин кишвар мотами миллӣ эълон гардида буд. Он замон дар наздикии Алмаато ҳавопаймое суқут карда, 5 сарнишин ва 16 мусофир қурбон шуда буд.

XS
SM
MD
LG