Ссылки доступа

Тоҷикистон ба таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ омодагӣ мебинад


19 соли пеш - 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи истиқрори сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини пешин имзо шуд ва ба ҷанги панҷсолаи тоҷикон хотима бахшид. Ин ҷанг ҷони тақрибан 150 ҳазор танро рабуда, ба Тоҷикистон миллиардҳо доллар зиён овард. 27 июн дар Тоҷикистон рӯзи истироҳат эълон шудааст.

Тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ рӯзи 27 июн дар шаҳри Хоруғ баргузор хоҳанд шуд. Ба иттилои расмӣ, имсол дар чаҳорчӯби таҷлил аз ин ид, аз ҷумла, баргузории ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ-сайёҳии "Боми Ҷаҳон", мизи гирд дар бораи нақши расонаҳо дар таҳкими ваҳдати миллӣ", конфронси "Нақши раисиҷумҳури Тоҷикистон дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ", Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Бадахшон ва намоиши бузурге дар варзишгоҳи шаҳри Хоруғ бо ширкати ҳунармандони маъруфи Тоҷикистон тарҳрезӣ шудааст.

Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ба хотири имзои созиши сулҳи тоҷикон ва пас аз дасти ҳам фушурдани ҳукуматдорону мухолифини мусаллаҳ таъсис шудааст, аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик Абдумалики Қодир, эътибори пешини худро аз даст додааст.

“Ман дар таҷлили ин ид мазмуну маъниеро намебинам, зеро дар он як ҷониби сулҳ аслан ҳузур надорад ва аз ин рӯ, як хароҷоти зиёдатӣ ва бори гарон барои буҷаи кишвар дар вазъи бӯҳронии феълӣ аст”, - меафзояд вай.

Дар соли ҷорӣ Рӯзи ваҳдати миллӣ бори аввал аст, дар вазъе баргузор мешавад, ки як гуруҳи бузурги узви шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зиндонист ва гуруҳи дигар дар фирор.

Ба гуфтаи сиёсатшинос Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, Рӯзи ваҳдати миллӣ “баҳонае хубест барои дарки воқеъиятҳои имрӯз, хоса он нукта, ки ҳарду ҷониб ё бо амал ё бо беамалии худ сулҳи тоҷиконро халалдор карданд ва ҳоло созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои ҷудогона ба мазаммати воқеъиятҳои Тоҷикистон пардохтаанд".

"Ҳоло ҳам, ки дер нашудааст, бояд дувумбора мусолиҳаи миллӣ аз сар гирифта шавад, зеро даҳҳо ҳазор ҷавононе, ки дар гурӯҳу ҳаракатҳои гуногуни мазҳабӣ ҷамъ омадаанд, наметавонанд берун аз таваҷҷуҳи ҳукумату ҷомеъа бимонанд», мегӯяд вай.

XS
SM
MD
LG