Ссылки доступа

Баҳси муфтии пешину вакили қирғиз дар бораи вақти намоз


Ҳоҷӣ Чубак Ҷалилов, муфтии пешини Қирғизистон аз изҳороти вакили порлумони ин кишвар Жанар Акаев зидди тарҳи қонуне, ки то 2 соат тамдиди танаффуси нимарӯзӣ дар рӯзи намози ҷумъаро пешбинӣ мекард, ба шиддат интиқод кардааст.

Муфтии пешини Қирғизистон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук вакилонеро, ки аз лоиҳаи қонун пуштибонӣ нанамуданд, зери тозиёнаи танқид қарор дода, нишонаҳои онҳоро бо ин ҳадаф, ки шояд барои касе лозим шавад", ошкор кардааст.

Дар ҳамин ҳол Жанар Акаев мегӯяд, ӯ ҳеч гоҳ зидди хондани намози ҷумъа набуд ва дар ҳоли ҳозир рӯзадор ҳам ҳаст. Вай даъвати муфтии пешини Қирғизистонро бораи ҷонибдорӣ ва ҷаноза накардани вакилоне, ки зидди тарҳи қонуни мазкур раъй додаанд, ифротгароӣ хонд.

Корбарони фаъоли шабакаҳои иҷтимоии Қирғизистон низ ба ҷонибдории Жанар Акаев бархоста, дар муроҷиатҳояшон зикр кардаанд, ки "дар Қирғизистон тибқи Қонуни асосӣ дин аз давлат ҷудо аст".

Дар ҷаласаи ахири порлумони Қирғизистон тарҳи қонуне, ки барои тамдиди танаффуси нимарӯзӣ дар рӯзи ҷумъа аз соати 12:30 то 14:30 пешниҳод шуда буд, баррасӣ гардид. Аз 9 узви кумита 6 танашон дар қироати аввал лоиҳаро рад карданд.

XS
SM
MD
LG