Ссылки доступа

$500 ҳазори варзишгарони рус барои пинҳон кардани натиҷаи допинг


Григорий Родченков, сардори пешини озмоишгоҳи зиддидопингии Москва мегӯяд, варзишгарони русе, ки допинг истиъмол мекарданд, метавонанистанд бо пардохти 500 ҳазор доллар аз ин санҷиш "тоза" бароянд.

Ин варзишгарон баъдан ба Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук - IAAF шомил мешуданд. Дар ин бора Родченков дар қисми чаҳоруми филми таҳқиқотии телевизиони ARD-и Олмон хабар медиҳад.

"Маблағи зиёде сарф шуда буд", то ин ки нишондодҳои мусбати допинг пӯшида нигаҳ дошта шаванд, мегӯяд Родченков. Ба гуфтаи вай, "фурӯши натиҷаи ташхиси допинг" ба роҳ монда шуда буд. Варзишгар маблағро ба мураббиаш медод, баъдан он пулҳо ба Эътилофи байналхалқии варзиши сабук мерасиданд. Дар интиқол додани маблағҳо мушовири вазири варзиши Русия Наталя Желанова низ ширкат мекард, мегӯяд Родченков.

Дар ин филм ҳамчунин гуфта мешавад, ки худи вазири варзиши Русия Виталий Мутко дар пинҳон доштани ташхиси мусбати допинги варзишгарони Русия нақш доштааст. Муаллифони филм мегӯянд, Мутко эҳтимол хабар дошт, ки на танҳо футболбозон, балки варзишгароне, ки дар бозиҳои Олимпӣ ширкат меварзанд, аз допинг истифода мебаранд. Ва эҳтимол вай кумак мекард, ки ин иттилоъ пӯшида боқӣ бимонад. Ба ҷуз ин, вазири варзиш ва мушовири вай ба президенти Эътилофи ҷаҳонии зиддидопинг таъсир расонидаанд, то ки таҳқиқи допинг нисбати Русия қатъ шавад.

Бори нахуст ARD моҳи декабри соли 2014 дар бораи истифодаи допинг аз сӯи варзишагарони Русия филм сохта буд. Баъди ин Комиссияи Оҷонсии ҷаҳонии зиддидопинг бевосита таҳқиқ анҷом дода ва хилофкориҳои зиёдеро миёни варзишгарони Русия ошкор кард.

Русия бо ташаббуси Эътилофи байналхалқии федератсияҳои варзиши сабук аз мусобиқаҳо маҳрум шуда буд. Миёнаҳои моҳи май президенти Кумитаи байналхалқии Олимпӣ Томас Бах дар пайи ҷанволи допинг ҳамаи тими Русияро аз иштирок дар бозиҳои Олимпии 2016-и Бразилия маҳрум кард.

XS
SM
MD
LG