Ссылки доступа

Дар Афғонистон 12 низомӣ кушта ва даҳҳо нафар рабуда шудаанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ҷангиёни гуруҳи Толибон 12 корманди нерӯи амниятии ин кишварро, ки чанде қабл дар вилояти Ғазнӣ гаравгон гирифта буданд, эъдом кардаанд.

Ғулом Муҳаммад Тоҳирӣ, корманди бахши кашфи низомии Афғонистон шаби чаҳоршанбе гуфтааст, ин 12 тан 7 корманди пулис, се низомӣ ва 2 корманди хадамоти махсуси Афғонистон буданд.

Бино бар иттилои пулиси Ғазнӣ, ҷангиёни Толибон онҳоро охирҳои ҳафтаи гузашта дар ноҳияҳои гуногуни ин вилоят ба гарав гирифта, дар назди сокинони маҳаллӣ куштаанд.

Дар ҳамин ҳол пулиси вилояти Кундуз ҳам хабар додааст, ки ҷангиёни Толибон рӯзи чаҳоршанбе автобуси мусофирбарро дар маркази вилоят бозд дошта, 40 мусофирро рабудаанд.

Ба гуфтаи Мафъузуллоҳ Акбарӣ, сухангӯи пулис, ин дар ду ҳафтаи ахир бори дувум аст, ки мусофирони автобусҳо аз сӯи ҷангиёни Толибон дар Афғонистон рабуда мешаванд.

XS
SM
MD
LG