Ссылки доступа

Барак Обама аз Ҳилларӣ Клинтон расман ҷонибдорӣ кард


Барак Обама, президенти ИМА аз номзадии ҳамсафи худ - узви Ҳизби демократӣ Ҳилларӣ Клинтон дар муборизаҳои интихоботӣ расман пуштибонӣ кард.

Дар навори таблиғотие, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, Обама мегӯяд, дар гузашта ҳаргиз чунин номзади ба мақоми роҳбарии давлат амиқан омода шуда мавҷуд набудааст.

Дар рафти интихоботи ибтидоӣ Клинтон аллакай раъйи кофии ҳайати вакилони анҷумани қарибулвуқуи Ҳизби демократиро ба даст овард. Анҷумани ҳизби мазкур моҳи июл номзади худро дар интихоботи президентӣ эълон мекунад. Клинтон мумкин аст нахустин зани номзад ба мақоми президентии ИМА гардад.

Аммо рақиби асосии вай сенатор Берни Сандерс мегӯяд, то анҷуман аз рақобати пешазинтихоботӣ даст намекашад. Дар ин бора Сандерс рӯзи панҷшанбе хабар додааст. Барака Обама дар як мулоқот аз Берни Сандерс даъват кардааст, ки барои рақобати босамар бо ҷумҳурихоҳон нерӯҳои демократӣ муттаҳид шаванд. Аз ҳизби ҷумҳурихоҳон ҳоло Доналд Трамп бо шиорҳои авомгароёнаи дастиростияш пештоз аст.

XS
SM
MD
LG