Ссылки доступа

Москва ҳалокати халабони Су-27-ро тасдиқ кард


Российский истребитель Су-27 разбился в Подмосковье
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:02 0:00

Вазорати дифои Русия ҳалокати як халабонро дар натиҷаи сарнагун шудани ҳавопаймои зарбазани Су-27 дар вилояти Москва тасдиқ кард.

"Халабон ба ҳалокат расид. Ин парвоз бе лавозимоти ҷангӣ сурат гирифта, ба замин хисороте нарасидааст", - иттилоъ додааст ин ниҳод.

Қаблан як манбаъ гуфта буд, ҳавопаймои Су-27 аз сӯи майор Сергей Еременко идора мешуд.

Ин ҳавопаймо ба ҳайати гуруҳи санъати ҳавонавардии "Паҳлавонони рус" дохил буда, баъди иштирок дар маросими ифтитоҳи ёдгории ҳавонавардони Русия дар ноҳияи Пушкини вилояти Москва дучори садама шудааст.

Садамаи мазкур дар як минтақаи бешазор, 2-километрии деҳаи Муранов рух дода, ҳоло дар макони ҳодиса комиссияи Вазорати дифои Русия кор мекунад.

XS
SM
MD
LG