Ссылки доступа

Путин дастур дод, ки барномаи минтақаҳои махсуси иқтисодӣ баста шавад


Даҳ минтақаи махсуси иқтисодии (ММИ) нокоромад дар Русия баста мешавад, таъсиси минтақаҳои нав манъ мегардад ва минтақаҳои мавҷуда ба ихтиёри вилоятҳо дода мешаванд.

Чунин дастурро президенти Русия Владимир Путин баъди тафтиши ММИ ба ҳукуматаш додааст. Ин дастур бояд то охири моҳи июн иҷро шавад.

Гузориши роҳбари раёсати санҷиши назди президент Константин Чуйченко боиси ин тасмимгирӣ шудааст. Дар ин гузориш омадааст, ки шуруъ аз соли 2006 барои бунёди 33 минтақаи махсуси иқтисодӣ 186 миллиард рубл сарф шудааст. Андоз ва пардохтҳои гумрукӣ аз ин минтақаҳо то кунун ҳамагӣ 40 миллиард рублро ташкил додааст. Таъсиси як ҷойи корӣ дар ММИ барои буҷа 10 миллион рубл харҷ доштааст. Ин маблағ кофӣ буд, ки барои як шаҳрванди Русия давоми 25 сол маоши ҳадди миёна пардохт. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ панҷ парвандаи дуздии пулҳое, ки ба рушди ММИ равона шуда буданд, мавҷуд аст.

Минтақаҳои махсуси иқтисодии Русия бар асоси қонуни махсусе моҳи июли соли 2005 таъсис шуда буданд. Давоми 9 сол ба ин минтақаҳо 400 сармоягузор муроҷиат кардааст.

XS
SM
MD
LG