Ссылки доступа

Ҳушдори расмии КДАМ ба муфтии пешини Қирғизистон


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ба Ҳоҷӣ Чубак Ҷалилов, муфтии пешини ин кишвар расман ҳушдор дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии ниҳоди мазкур хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҷалилов дар танқиди вакилоне, ки тарҳи қонуни то 2 соат дароз кардани танаффуси нимирӯзӣ барои намози ҷумъаро написандидад, ба зиёдаравӣ роҳ додааст. Муфтии пешин ин вакилонро номбар кардаву гуфтааст, барои радди лоиҳа бояд ҷанозаи онҳо хонда нашавад.

Ёдрас мешавем, дар ҷаласаи кумитаи порлумони Қирғизистон дар умури иҷтимоӣ, илм, маориф, фарҳанг ва тандурусӣ тарҳи қонуни пешниҳод намудаи вакил Тозабек Икромов, ки тамдиди танаффуси нимарӯзӣ дар рӯзи ҷумъа аз соати 12:30 то 14:30-ро пешбинӣ мекард, баррасӣ шуда, аз 9 узви кумита 6 танашон дар қироати аввал ин лоиҳаро рад карданд.

Танқиду таҳдидҳои муфтии пешини Қирғизистон ҳамчунин баҳсҳои тундеро дар шабкаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд овард.

XS
SM
MD
LG