Ссылки доступа

Баёнияи Амрико дар бораи ҳукми аъзои ҲНИТ


Сафорати Амрико мегӯяд, ба зиндон маҳкум шудани аъзои раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ "садои мухолифонро дар Тоҷикистон хомӯш мекунад."

Сафорати Амрико дар Тоҷикистон гуфтааст, ба зиндон андохтани 14 узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва таҳҳавулоти дигар дар кишвар монеи рушди демократия дар кишвар мешавад. Дар баёнияи расмии сафорат, ки рӯзи 9-уми июн нашр шуд, омадааст, мақомоти Амрико дар гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, то муҳокимаи додгоҳии аъзои Ҳизби наҳзат шаффоф ва одилона сурат бигирад.

Ба гуфтаи сафорат, Амрико ҳамчунин аз давлати Тоҷикистон хостааст, “ҳуқуқи айбдоршудагон бо иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки таҳти Аҳдномаи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд, ҳимоя карда шавад”.

Баёнияи расмии сафорати Амрико як ҳафта баъд аз он нашр шуд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 2-юми июн 14 –узви раёсати Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро ба зиндон маҳкум кард.

XS
SM
MD
LG