Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон марде баъди шиканҷаи додситонҳо худкушӣ кард


Ғиёсиддин Исомиддинов, сокини 55-солаи вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон баъди лату кӯб шудан дар мақомоти додситонӣ, дар боғчаи хонааш худро овехтааст.

Нодира Солиҷонова, ҳамсари Ғиёсиддин мегӯяд, нисбати шавҳараш бо айби фурӯши ғайриқонунии замин ва гирифтани пора дар ҳаҷми 15 ҳазор доллари ИМА парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда буд.

Тавре ин зан мегӯяд, кормандони додситонӣ барои дарёфти нишондодҳои мусбатшавҳарашро шиканҷа кардаанд.

"Баъди он ки ӯро дар додситонӣ лату кӯб карданд, хешовандонамон ба хона оварданаш. Вай хеле руҳафтода шуда буд. Мегуфт, афроди ҷавон ӯро лату кӯб карда, маҷбур сохтаанд, ба гуноҳоне, ки вай содир накардааст, иқрор шавад. Изи талу кӯб дар пойҳо ва дасту панҷаҳояш намоён буд. Вақте ба хона омад, гуфт, бачаҳое, ки ҳамсоли фарзандони ман ҳастанд, дасту поямро бастанду заданд. Ман аҳволи ӯро дида, гиристам," - мегӯяд Нодира.

Ба гуфтаи Нодира, фардои ҳодиса шавҳараш худро овехтааст. Ин зан кормандони додситониро айбдор медонад. Вай ба мақомот шикоят бурда, хостааст, гунаҳкорони ҳодиса ҷазо дода шаванд.

XS
SM
MD
LG