Ссылки доступа

КДАМ: 5 гумонбари дигари ҳамлаҳои Оқтеппа нобуд карда шуд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, 5 нафаре, ки ба гумони даст доштан дар ҳамлаҳои Оқтеппа ҷустуҷӯ мешуданд, дар як амалиёти махсус ба ҳалокат расиданд.

Бино бар иттилоияи ин ниҳод, 4 гумонбар дар натиҷаи ҳамла ба манзили истиқоматие дар кӯчаи Некрасови шаҳри Оқтеппа ба қатл расиданд.

"Дар рафти гуфтушунид террористҳо ихтиёран таслим шуданро рад карда, оташ кушоданд. Талошҳо барои маҷбуран халъи силоҳ кардани онҳо ҳам бенатиҷа буд ва дар пайи ҳамлаи нерӯҳои махсус чаҳор террорист, ки дар дохили манзили истиқоматӣ буданд, нобуд карда шуданд", - омадааст дар иттилои КДАМ Қазоқистон.

Ба гуфтаи ин ниҳод, гумонбари 5-ум зимни тирпаронӣ дар чаҳорроҳаи кучаи Мясоедов ва Аринов кушта шудааст.

"Дар натиҷаи ин тирпаронӣ ду корманди хадамоти амниятӣ захми сабук бардошта, аз сокинони осоишта ва низомиён касе ба ҳалокат нарасидааст", - меафзояд манбаъ.

КДАМ Қазоқистон таъкид кардааст, ки чорабиниҳои ситоди минтақавии мубориза бо терроризми вилояти Оқтеппа барои ба эътидол овардани вазъ, кофтукоби ҷинояткорони боқимонда ва муайян кардани тамоси онҳо бо ҳаммаслакони эҳтимолияшон идома дорад.

XS
SM
MD
LG