Ссылки доступа

Дар ИДМ бештар аз 30 ячейкаи террористӣ шиносоӣ шудааст


Бештар аз 30 ячейка ё бахшҳои гуруҳҳои байналхалқии террористӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) аз сӯи Гуруҳи АвруОсиёии муқобила бо қонунигардонии даромадҳои номашруъ ва сармоягузории терроризм шиносоӣ шудааст, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба Юрий Чиханчин, роҳбари созмон.

Рӯзи панҷшанбе дар Остонаи Қазоқистон ҷаласаи навбатии Гуруҳи АвруОсиёии муқобила бо қонунигардонии даромадҳои номашруъ ва сармоягузории терроризм оғоз шуд. Дар ин ҷаласа намояндагони ҳукумати Қазоқистон ва мутахассисони хориҷӣ аз Ҳиндустон, Эрон, Чин, Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ширкат доранд.

"Усуле, ки мо бар кор бурдем, имкон дод то бештар аз 30 ячейкаи байланхалқиро, ки дар робита ба кишварҳои ИДМ, кишварҳои Аврупоӣ фаъолият мекунанд, ошкор намоем. Даҳҳо нафар аз намояндагони ин ячейкаҳо шиносоӣ шудаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудааст, вале кор ҳанӯз идома дорад", - гуфт Чиханчин.

Ба ҳайати ин созмон Белорус, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон шомил ҳастанд.

XS
SM
MD
LG