Ссылки доступа

Ба Дараяи Сурия бори аввал кумаки ғизоӣ расид


Аввалин кумаки ғизоӣ аз соли 2012 ба ин сӯ ба шаҳри муҳосирашудаи Дараяи Сурия расонида шуд, хабар медиҳад Би-би-си. Имрӯз як мошини ҳомили ғизо ва дорувор ба шаҳр ворид гардид.

Яке аз сокинони шаҳр мегӯяд, аксари сокинон бовар надоштанд, ки кумаке мерасад, чун "аз ваъдашунавиҳо хаста шудаанд", менависад Франс Пресс. Ба ҷуз ин, сокинон аз берун баромадан худдорӣ меварзанд ва аз ҷамъ шудан тарс доранд.

Ба иттилои намояндаи Ҳаракати байналхалқии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Сурия, ғизои расонидашуда бояд барои як моҳ кифоят кунад.

Стаффан де Мистура, фиристодаи махсуси СММ дар умури Сурия ахиран хабар дод, ки ҳукумати Сурия барои расонидани кумак ба 19 ноҳияи муҳосирашуда, ки наздики 600 ҳазор аҳолӣ доранд, рухсат додааст.

1 июн ба Дарая қатори мошинҳои ҳомили дору ва ғизои кӯдакона расида буд.

Дар моҳи май бо вуҷуди созиш бо тарафҳои даргир қатори мошинҳои кумаки башардӯстона натавониста буд ба шаҳри Дарая ворид шавад.

XS
SM
MD
LG