Ссылки доступа

Қирғизистон мехоҳад, чанд сол шикорро манъ кунад


Агентии давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Қирғизистон пешниҳод кардааст, муваққатан шикори ҳайвонҳои ваҳшӣ дар ин кишвар манъ шавад.

Тавре раҳбари ниҳоди мазкур Абдуколик Курманов ба Бахши хабарии Осиёи Марказӣ иттилоъ дод, ҳадафи ин пешниҳод ҳифз ва афзоиши шумори ҳайвонҳост.

Интизор меравад, манъи шикор тадриҷан, дар вилоятҳои гуногуни Қирғизистон дар солҳои гуногун аз 2017 то 2025 сурат бигирад. Курманов гуфт, дар як вақт манъ кардани шикор дар тамоми қаламрави кишвар номумкин аст. Дар ин бора лоиҳаи қонун таҳия ва ба баррасии омма фиристода шудааст.

Қаблан бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон пешниҳод карда буданд, ки шикори ҳама гуна ҳайвон, ба ҷуз гург ва шағол то соли 2030 манъ гардад.

XS
SM
MD
LG