Ссылки доступа

Гумонбарони ҳамлаи Оқтеппа боздошт шуданд


Ҳамаи ширкатдорони ҳамлаи мусаллаҳонаи шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон боздошт шуданд. Шаби якшанбе се гумонбари ҳамлаҳои хунуни Оқтеппа боздошт гардиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар.

Дар ин хабар омадааст, ситоди амалиётии мубориза бо терроризми вилояти Оқтеппа тавонист, ки ҳамаи ҳамлагарони ҳодисаҳои 5 июни Оқтеппаро боздошт ва бе зарар гардонад. Ҳамаи силлоҳи онҳо мусодира шудааст.

5 июн як гуруҳи номаълум, ки ба гуфтаи ҳукумат "пайравони бахши ғайрианънавии динӣ" будаанд, ба мағозаи фурӯши аслиҳа ва қисми низомӣ ҳамла карданд. Ҳукумат ин ҳамларо ҳамчун теракт баҳо дод. Дар натиҷаи ҳамла 7 нафар кушта шуд. Он замон пулис 13 ҳамлагарро кушта, 9 нафарро боздошт ва 6 тани дигар дар ҷустуҷӯ эълон кард.

Рӯзи ҷумъа мақомоти махсуси Қазоқистон хабар доданд, ки дар рафти амалиёти вижа боз панҷ гумонбари терроризм кушта шудааст.

XS
SM
MD
LG