Ссылки доступа

УЕФА: Русия ва Англия эҳтимол аз Евро-2016 ихроҷ шаванд


Иттифоқи аврупоии эътилофҳои футбол (УЕФА) мегӯяд, агар ҳаводорони тимҳои мунтахаби Русия ва Англия дар оянда ҳам дар бетартибиҳо ширкат кунанд, ронда шудани ин ду тим аз мусобиқаи қаҳрамонии Еврупо аз эҳтимол дур нест.

Рӯзи якшанбе УЕФА нисбати мухлисони рус барои хархаша кардан бо мухлисони тими Англия парвандаи интизомӣ кушод. Парванда барои нажодпарастӣ, ширкат дар бетартибиҳои оммавӣ ва истифодаи маводи тарфгарӣ (пиротехтника) кушода шудааст. УЕФА нисбати ҳаводорони англис парвандае накушода аст.

Дар даргирии байни мухлисони русу англис дар Марсел пеш аз бозии тимҳо 11 июн бештар аз 30 нафар ҷароҳат бардошт. Як шаҳрванди 50-солаи Бритониё бо ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ аст.

Бозии футбол байни Русия ва Англия бо ҳисоби 1:1 ба охир расид. Баъди ҳуштаки охир мухлисони рус ба ҷои нишасти мухлисони англис гузашта, он ҷо занозанӣ карданд. Вазири варзиши Русия Виталий Мутко сабаби асосии ба вуқуъ омадани ин ҳодисаро таъмини нодурусти амнияти варзишгоҳ унвон кард.

XS
SM
MD
LG