Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон стратегияи нави мубориза бо терроризм қабул мешавад


Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз, 13 июн зимни як конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе хабар дода, гуфтааст, ин санад аз чаҳор нукта иборат хоҳад буд.

- Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар робита ба терроризму ифротгароӣ миёни ҷавонон ва ноболиғон;

- Ҷилавгирӣ аз истифодаи Интернет бо ҳадафҳои ифротгароӣ;

- Пешгирӣ аз паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ;

- Роҳ надодан ба андешаҳои терроризиму экстремистӣ миёни занон.

Аслов дар идома аз стандартҳои "духӯра"-и баъзе аз кишварҳои шарики Тоҷикистон ҳам интиқод кард. Ба гуфтаи вай, ин гуна стандартҳо иҷоза намедиҳанд, ки ба вазъи минтақа ва таҳдидҳо баҳои воқеӣ дода шавад.

“Тоҷикистон бар асоси уҳдадориҳои байналмилалиаш дар робита ба ҷилавгирӣ аз хушунату терроризм корҳои назаррасро анҷом додааст. Талош кардааст, ки ҷилави хушунату ифротгароиро дар дохили кишвар бигарад. Мо аз камтарин кишварҳое ҳастем, ки дар рӯбарӯи ин ҳама хатарҳо амнияту суботро нигоҳ бидорем. Мутаассифона, ин иқдомҳо на ҳамеша аз ҷониби шарикони мо дастгирӣ меёбанд", гуфтааст Аслов.

XS
SM
MD
LG